Интернетро бо мо барқарор созед
«Mozilla» кор карда истодааст, ки назорати Интернетро ба дасти одамоне, ки аз он истифода мебаранд, баргардонем.
Якҷоя мо метавонем Интернетро барои ҳамаи мо осон, бехатар ва ройгон нигоҳ дорем.
Хабарҳо ва мақолаҳои охиринро дар бораи «Mozilla» хонед
Биёед ояндаи одилонаро бунёд созем
Аз назар гузаронед, ки мо чӣ тавр муҳити гуногун, фарогир ва дастрасро барои ҳама дар фазои онлайн ташаккул медиҳем.
Ба мо ҳамроҳ шавед ва саҳми худро гузоред




Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва ҳамаи маҳдудиятҳоро бартараф карда, имкониятҳоро васеъ намоед — бе нодида гирифтани чизҳои муҳим.
Меҳру муҳаббати ҷомеа — нерӯи асосии пешбарандаи мост
«Mozilla» ҷомеаи ҷаҳонии ихтиёриён, ҳамкорон ва саҳмгузорони дилсӯз аст, ки аз соли 1998 дар ҳамроҳӣ бо мо барои сохтан, ҳифз кардан ва ташаккул додани Интернет саҳм мегузоранд.
Аз навиштани рамз (барномарезӣ) ва ислоҳ кардани хатоҳо сар карда, то пуштибонии арзишҳои махфияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ ва нигоҳ доштани Интернет ҳамчун фазои озод барои ҳама — аъзои ҷомеаи мо сутуни асосии ҳамаи корҳои мо мебошанд. Шавқу садоқати онҳо моро ҳар рӯз илҳом мебахшад.


